13:01 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

СММ: 60 дар сади занҳои кушташуда қурбони зӯроварии хонаводагӣ шуданд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Соли гузашта 50 ҳазор зан дар пайи хушунати хонаводагӣ кушта шуданд. Онҳоро наздиконашон - шавҳар ё маъшуқашон аз ҳаёт маҳрум кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тақрибан 50 ҳазор зан дар соли 2017 дар пайи зӯроварии хонаводагӣ кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ҳособоти СММ.

Бино бар иттилои манбаъ, занонро маъшуқ ё ҳамсаронашон куштаанд.

Дар соли 2017 дар ҷаҳон 87 ҳазор зан ба қатл расонида шуданд. Аз ин 60 дар сади онҳо курбони зӯроварии хонаводагӣ шуда, аз тарафи наздикони худ кушта шудаанд, гуфта мешавад дар маърӯза.

“Новобаста аз он, ки бештари қурбониёни қотилон мардон гаштаанд, занон аз ҳисоби нобаробарии ҷинсӣ ва бадбинии ҷинсӣ қурбон шудаанд. Маҳз занон ба эҳтимоли ғолиб аз ҷониби маъшуқ ё наздикони худ кушта мешаванд", - омадааст дар ҳисоботи UNODC.

 Қитъаи Африқо яке аз хатарноктарин минтақаҳо барои занон мемонад, ки нишондиҳандаи қатл ба сари ҳар 100 ҳазор зан 3,1 ададро ташкил медиҳад. 

Ин нишондиҳанда дар Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ ба 1,6  Океания - 1,3 ва Осиё ба 0,9 расидааст.

Ба иттилои СММ, Аврупо бехатартарин минтақа барои занҳост. Дар ин қитъа ба сари ҳар 100 ҳазор зан 0,7 нишондиҳанда рост меояд.

Барчаспҳо:
қурбон, қатл, зан, ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ