11:27 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
ширкати Telia, акс аз бойгонӣ

Telia Узбакистонро низ тарк кард: саҳмияҳои Ucell-ро Ҳукумат харидааст

CC BY 2.0 / Hakan Dahlstrom / New Telia logo
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Юхан Деннелинд, мудири кулли Telia изҳор доштааст, ки саҳмияҳо дар доираи тасмими холдинг барои берун баромадан аз бозори Авруосиё фурӯхта шудаанд

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik.  Ширкати телекомуникатсионии шведӣ, Telia Company саҳмаш дар ширкати Coscom, маъруф бо тамғаи Ucell – ро ба Ҳукумати Узбакистон фурӯхтааст, хабар дод РИА Новости.

Здание Tcell в Душанбе, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев

Ба иттилои манбаъ, саҳмияҳои “Telia Company”-ро Кумитаи давлатии мусоидат ба хусусигардонӣ ва ҳифзи рақобат бо нархи 215 миллион доллар харидаст.

Юхан Деннелинд, мудири кулли Telia изҳор доштааст, ки саҳмияҳо дар доираи тасмими холдинг барои берун баромадан аз бозори Авруосиё фурӯхта шудаанд. Ӯ афзудааст, ки ширкат бештар ба кор дар кишварҳои Скандинавия ва назди Балтика таваҷҷуҳ хоҳад дод.

Telia Company саҳмияҳои “Coscom” –ро соли 2007 харида буд ва тибқи иттилои расмӣ сеяки бозори интернети мобилии Узбакистонро дар ихтиёр дошт.

Telia дар Тоҷикистон низ аксари саҳмияҳои ширкати Тcell-ро дар ихтиёр дошт, вале дар доираи тасмимаш барои тарки кишварҳои АвруОсиё онҳоро фурӯхт.

Мавзӯъҳои асосӣ