16:34 25 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
День рождения основателя ювелирного дома De Grisogono

Гардиши нав дар қазияи духтари президент: Гулнора иқдомҳои Мирзиёевро дастгирӣ мекунад

© Sputnik / Валерий Левитин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
855 0 0

Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури марҳуми Узбакистон Ислом Каримов ваъда додааст, ки барои пешрафти кишвараш сармоягузорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Писари Гулнора Каримова Ислом Каримов хабар дод, ки модараш мехоҳад ба корҳои ҷамъиятӣ  баргардад. Ислом Каримов, ки дар Лондон ба сар мебарад, дар ин бора дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст.

"Бо ташаббуси раҳбарияти нави кишвари мо лоиҳаҳои зиёд амалӣ шуда истондаанд, ки барои ояндаи нек пойгоҳи устувореро бунёд хоҳанд кард. Барои ҳамин модарам тасмим гирифтааст, ки дар пешрафти кишвар саҳм гузорад", - таъкид доштааст вай.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#Uzbekistan

Публикация от Islam Karimov (@i.kar7)

Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кардааст, ки чунин қарорҳо новобаста аз он, ки дар кадом ҳолат ва бо кадом мушкилӣ қабул мегарданд, натиҷаи хуб медиҳанд.

“Ҳамаи он мушиколоте, ки ба сари оилаи мо омаданд, танҳо иродаи моро дар дастгирии тасмимҳои модарам қавитар мегардонанд ва моро водор месозанд, ки баҳри  ояндаи нек аз ҳамаи имкониятҳоямон истифода барем”, - қайд кардааст Ислом Каримови хурдӣ.

Ёдрас мешавем, бино бар иттилои мақомоти Узбакистон Гулнора Каримова феълан дар зиндон аст.

Моҳи июли соли 2017,  додситони кулли Узбакистон хабар дода буд, ки тафтишоти парвандаи ҷиноӣ Гулнора Каримова, идома дорад ва нисбати вай чораҳои эҳтиётӣ дар шакли ҳабси пешакӣ пешбинӣ шудааст.

 Гулнора Каримова, моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯи ва насупурдани андоз ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Баъди марги Ислом Каримов, дар соли 2016 дар расонаҳо хабари кушта шудани Гулнора Каримова нашр шуда буд, аммо ин маълумот тасдиқи худро наёфтанд.

Мувофиқи ду парвандаи ҷиноӣ Гулнора Каримова ба кишвараш дар ҳаҷми 2 миллиард доллар зарар расонидааст.

Моҳи декабри соли 2017, Вазорати молияи Амрико, Гулнора Каримоваро ба феҳристи шахсони таҳримшудаи “қонуни ҷаҳонии Магнитский” дохил намуд.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Амрико, Каримова “роҳбари гурӯҳи бузурги муташаккилонаи ҷиноӣ” буда, ба мусодираи тиҷорат, монополия намудани бозорҳо ва талаб намудани ришва машғул будааст. Инчунин Амрико Гулнора Каримоваро ба тамаъҷӯи айбдор мекунад.

Барчаспҳо:
кумак, Ислом Каримов, Гулнора Каримова

Мавзӯъҳои асосӣ