15:44 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Юморист Обид Асомов

Андуҳи тоҷикистониён аз даргузашти Обид Асомов, ҳаҷвнигори шинохтаи Узбакистон - акс

© Телепередача "Кривое Зеркало"
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
700 0 0

Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Узбакистон, Обид Асомов рӯзи ҷумъаи 14 декабр дар беморхонаи шаҳри Тошканд даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Обид Асомов, ҳаҷвнигори шинохтаи Узбакистон дар шаҳри Тошканд дар сини 55 - солагӣ аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги ҳунарпеша, сактаи қалб будааст , иттилоъ додааст Sputnik Узбакистон.

Пештар ВАО хабар дода буданд, ки ҳунарпешаи машҳури Узбакистон бо дарди дил дар беморхона бистарӣ шудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Охиратиз обод жойиз жаннатда бусин устоз 😪😪😪

Публикация от Хаммага е"к,ишим шартмас!!! (@xalimaxonim)

Обид Асомов, ҳунарпешаи хидматнишондодаи Узбакистон, дар шаҳри Тошканд 22 октябри соли 1963 ба дунё омадааст. Соли 1993 ӯ театри худ бо номи “Обид-А”-ро ташкил карда буд.

Обид Асимов дар солҳои 2000-ум дар барномаҳои телевизионии “Кривое Зеркало”-и Русия иштирок карда буд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Hudo rahmat qilsin🙏 Joylari jannatda bo’lsin 😰😰😰😰🙏🙏🙏🙏.

Публикация от Райхон Ганиева (@rayhonganieva)

Дар моҳи майи соли равон ӯ ба вазифаи КВД “Студияи филмҳои мултипликатсионӣ” таъин гардида буд.

Аловуддин Абдуллоев,  ҳаҷвнигори шинохта ва ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон даргузашти Асомовро баробар ба куҳи андуҳ ва алам хондааст. Ӯ дар саҳифаи фейсбукияш дар пасманзари сиёҳ аз даргузашти Асомов зикр карда, таъкид намудааст, ки ҳунарпешаю ҳаҷвнигори хуб ҷаҳонро падруд гуфт.

Корбарони зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз даргузашти Асомов изҳори андуҳ барои наздиконаш сабри ҷамил хостаанд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Узбакистон, марг, даргузашт, Обид Асомов, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ