22:16 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Девушка укладывает прическу, архивное фото

Лорди англис ошиқи Гулӣ Муродова: чигуна пешхизмате аз Узбакистон ба миллионер шавҳар кард

CC0 / Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
366 0 0

Гулӣ Муродова, зодаи Узбакистон дар Англия ҳанӯз соли 2013 бо Муҳаммад Илтафо шинос мешаванд. Миллионери англис аз ҳамсараш ҷудо шуда, ба Гулӣ хонадор мешавад

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Гулӣ Муродова, ки ба иттилои расонаҳои Узбакистон сокини ин кишвар буд, ба лорди англис, миллионер Муҳаммад Илтафо шавҳар кард.

Бино бар иттилои  Daily Mail, Муҳаммад барои хонадорӣ бо Гулӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст.

Муҳаммад Илтаф ва Гулӣ Муродова ҳанӯз соли 2013 дар Англия бо ҳам шинос шудаанд. Он вақт зани узбакистонӣ дар ресторане пешхизмат шуда, кор мекардааст.

Ҳамсари Муҳаммад аз қиссаи ошиқии шавҳараш огоҳ шуда, бо Гулӣ хархаша намудааст. Аммо дар натиҷа лорд бо ҳамсараш ҷудо шуда, ба Гулӣ пешниҳоди оиладорӣ мекунад.

Маросими арӯсии ошқон дар меҳмонхонаи панҷситорадори Grosvenor House дар Лондон баргузор гардид.

Бино бар иттилои расонаҳо, Гулӣ аз духтари лорд 15 сол хурдтар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ