Ситораи футбол Роберто Карлос ба Тошканд меравад

© Sputnik / Григорий Соколов / Гузариш ба медиабонкРоберто Карлос, архивное фото
Роберто Карлос, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ассотсиатсияи футболи Узбакистон нақша дорад, ки барои рушди футбол ба кишвар ситораҳои варзишро даъват кунад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Қаҳрамони футболи ҷаҳон дар ҳайъати мунтахаби Бразилия, ҳимоягари маъруф Роберто Карлос 28 январ ба Тошканд сафар мекунад, хабар медиҳад Ассосиатсияи футболи Узбакистон.

Ба гуфтаи намояндагони ассотсиатсия, онҳо нақша доранд, ки барои тарғиби ин намуди варзиш ситораҳои дигари футболро низ  даъват кунанд.

Ба нақша гирифта шудаааст, ки Роберто Карлос дар рафти сафар ба Узбакистон барои футболбозони ҷавон дарси маҳорат мегузарад. Ҳамчунин ӯ бо кӯдакони ятим мулоқот карда, сипас ба суоли хабарнигорони расонаҳо посух мегӯяд.

Сипас Роберто бо ситораҳои футболи Узбакистон дар ду давр 10-дақиқагӣ бозӣ мекунад.

Роберто Карлос бо "чаққониаш" дар майдонҳои футбол машҳур аст. Ӯ метавонад дар 11 сония 100 метрро давад.

Футболбоз дар тими номии "Реал Мадрид" ва "Анҷи"-и Махачкала бозӣ кардааст. Ӯ дар Лигаи қаҳрамонҳо садҳо бозиро гузаронида, ба 100 бозингари беҳтарини ФИФА ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0