Дар Маскав пешхизмати тоҷикистонӣ дасти муштарии қаҳвахонаро шикаст

CC0 / Pixabay / Официантка, архивное фото
Официантка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати зани тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад

ДУШАНБЕ, 23янв — Sputnik. Пешхизмате дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дасти як зани сокини пойтахтро, ки 51-сол доштааст, шикаст. Полис нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, хабар медиҳад Раёсати корҳои дохилӣ дар Маскав.

"Ба шӯъбаи  полис як зани 51-сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард. Ҷабрдида хабар дод, ки дар яке аз қаҳвахонаҳо, дар хиёбони Мир дар рафти ҷанҷол пешхизмати қаҳвахона ба дасташ ҷароҳат расонид", - гуфта мешавад дар иттилоъ.

Қайд карда мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса кормандони полис пешхизмати 29-солаеро боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои расонаҳои Русия, пешхизмат шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0