Кал додари кӯр ё Вакиле, ки синаашро урён карда буд, блогери бараҳнаро интиқод кард

© © Sputnik / Владислав ВодневМодель Динагул Тасова
Модель Динагул Тасова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модел ва собиқ вакили қазоқ Динагул Тасова мегӯяд, вай ҳеҷ гоҳ бадани урёнашро бо ороишоти миллӣ оро дода, ба саҳна намебарояд

ДУШАНБЕ, 26 янв - Sputnik. Собиқ вакили Маҷлиси ҷавонони Остона, модел Динагул Тасова, ки пас аз баромадаш бо синаи урён дар намоиши мӯд, номӣ гашт, рафтори ҳамватнаш Шрин Нарчаеваро интиқод кардааст.

Феълан блогер Ширин Нарчаеваро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон хуб мешиносанд. Ӯ дар саҳифаҳояш аксу наворҳеро, ки дар он урён асту ороишоти миллӣ пӯшидааст, паҳн мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Made in KZ

Публикация от Narchaeva Shirin - Казашка (@narchaevaa___)

"Ширин хело ҷавон аст, ӯ ҳамагӣ 18 сол дорад. Мумкин ӯ давраи гузаришро аз сар мегузаронад. Аммо ман ин рафтори ӯро дастгирӣ намекунам. Ман ҳеҷ гоҳ ба саҳна ба тани бараҳна ороишоти миллӣ пӯшида намебароям. Ин дастоварди мадании мо аст, ин кор дуруст нест", - мегӯяд модел.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

🇰🇿Патриотка

Публикация от Narchaeva Shirin - Казашка (@narchaevaa___)

Ба гуфтаи Динагул, Ширин ин корашро барои ном баровардан мекунад. Аммо барои машҳур шудан, ӯ дигар роҳҳоро низ истифода бурда метавонист.

Ёдрас мешавем, Динагул Тасова, дар намоиши мӯди “Fashion Night Astana" бо пироҳани шаффофе, ки синаашро намепӯшонд, ба саҳна баромаду баҳси бараҳнакориҳои занонро дар Осиёи Марказӣ дигарбора баргангехт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#fna2018 #fashionastana #fashionnightastana

Публикация от Фотограф Астана/Караганда (@by.alina.p)

Ин иқдоми Тасова вокунишҳои зуддунақизеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Гуруҳе аз ӯ ҷонибдорӣ карда, бархеи дигар корашро фаҳш хондаанд, ки хилофи арзишҳои фарҳангию миллӣ мебошад. 

Дертар модел хабар дод, ки барои ин кораш ӯро латукӯб карданд.

Лентаи хабарҳо
0