Як овозхони амрикоӣ дар Маккаи мукаррама консерт гузоштааст

© Sputnik / Стас ЭтвешОткрытие Дней культуры Таджикистана в России
Открытие Дней культуры Таджикистана в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мэрайя Кэри овозхони зани амрикоӣ аввалин консерти худ дар Арабистонро дар шаҳраки иқтисодии "Малик Абдуллоҳ" дар Маккаи Мукаррама ва дар ҳошияи мусобиқоти қаҳрамонии голф баргузор кард

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.  Ба гузориши хабаргузории "Парс тудэй", дар пайи иҷроии тарҳи "Чашмандоз 2030", ки аз он ба тарҳи ислоҳоти Муҳаммад ибни Салмон ёд мешавад, консерти овозхонони арабӣ-ғарбӣ дар як соли гузашта дар манотиқе мисли Риёзу Ҷаддаи Арабистон баргузор шудааст.

Дар идомаи ин тарҳ, чанде пеш, охирҳои моҳи январ Мэрайя Кэри овозхони зани амрикоӣ аввалин консерти худ дар Арабистонро дар шаҳраки иқтисодии "Малик Абдуллоҳ" дар Маккаи Мукаррама ва дар ҳошияи мусобиқоти қаҳрамонии голф баргузор кард.

Корбарон дар фазои маҷозӣ ва ҳамчунин баъзе манобеи хабарии Арабистони Саудӣ видеоҳое аз консерти ин овозхон мунташир карданд ва навиштанд, вай дар ин консерт, машҳуртарин таронаҳои сӣ соли гузаштаи худро хонд.

Ин навъ маросим, ки то кунун дар Арабистон бесобиқа будааст, дар идомаи ислоҳоти иҷтимоии Ибни Салмон иҷро мешавад.

Иҷрои ин консерт дар Макка дар ҳоле аст, ки Арабистон ду минтақаи Мадина ва Маккаро пойтахтҳои муқаддас медонад ва ин шаҳрҳо барои ҳамаи мусулмонон ҳурмати вижае доранд.

Лентаи хабарҳо
0