15:22 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото

Профессор донишҷӯёнро ба сафи ДОИШ даъват мекардааст

Sherin Zada
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
543 0 0

Мудиярияти амнияти милли Афғонистон устоди донишгоҳҳро, ки садҳо донишҷуйро ба сафҳои гуруҳи террористи ДОИШ даъват мекардааст дастгир намудааст  

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Кобул омӯзгори донишгоҳ донишҷӯёнро ба сафи гуруҳи террористи ДОИШ  даъват мекардааст, бо истинод ба дафтари матбуотии мудирияти амнияти миллии Афғонистон иттилоъ додааст РИА Новости.

Ба  маълумоти ин ниҳод, бо даъвати профессори донишгоҳ Абуабдулло Мутаввакил садҳо донишҷӯй ба сафҳои гуруҳи ДОИШ дар вилояти Нангаҳор пайвастаанд.

Айни ҳол кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон профессор ва 16 шогирди даъватшудаи ӯро дастгир намудаанд.

“Хадамоти махсуси мудирияти амнияти миллии Афғонистон оид ба дастгир намудани даъваткунандагон ба сафи гурурҳи террористии ДОИШ амалиёт баргузор намудааст. Дар натиҷа маълум гардидааст, ки имоми масҷиди Шайх Муҳаммади Руҳонӣ ва профессори донишгоҳи Абуабдулло Мутаввакил ҷавонон ва донишҷӯёнро ба сафҳои гуруҳи ДОИШ даъват мекардааст”, - тасдиқ кардаанд масъулини ин ниҳод.

Бояд қайд кард, ки моҳҳои охир вазъият дар Афғонистон то рафт бад шудаистодааст.

Барчаспҳо:
донишҷӯ, даъват, профессор, ДОИШ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ