Равоншинос: хатари шабакаҳои иҷтимоӣ калон аст

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальные сети
Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равоншинос шарҳ дод, ки шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна ба тафаккури таҳлилӣ ва малакаҳои иҷтимоии  инсон таъсир мерасонанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳайёти ҷомеа нақши муҳим доранд, чунки онҳо воситаи дастрас намудани ҳамагуна хабар аз ҷумла иттилооти  беасос ва дуруғ мегарданд, бо истинод ба гуфтаҳои мудири Маркази таҳқиқоти равоншиносии иттилоотӣ дар Калифорня Памеул Ратлеҷ навиштааст РИА Новости.

Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуд

Ба ақидаи Ратлеҷ шабакаҳои иҷтимоӣ имкон намедиҳанд, ки тафаккури таҳлилии ҷомеа инкишоф ёбад.

“Хатарнокии шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳн кардани иттилооти дуруст ва фоиданок ба ҷомеа нест, аммо дар нест кардани тафаккури таҳлилӣ ва паҳн кардани маълумоти беасос ва таблиғот мебошад”, - гуфтааст равоншинос.

Вай гуфтааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ малакаҳои иҷтимоии худро то рафт гум мекунанд.

Вай бар он аст, ки одамон бояд воситаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ба воситаи дарк ва таҳлили иттилоот рушд диҳанд.  

“Технофобия аз байн мееравад ва маълум мегардад, ки ҳастанд одамоне, ки аз вобастагӣ ба он ранҷ мекашанд инчунин пайдо мешаванд ашхосе, ки ба онҳо барои ба даст овардани мақсадҳои худ омӯзиш истифодаи дурусти вақт лозим мешавад” – гуфтааст равоншинос.

Ратлеҷ қайд кардааст, ки ҳамаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳақиқат ба онҳо вобастагӣ пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи вай бемориҳои депрессия, ташвиш, мушкилиҳои руҳӣ, дури ҷустан аз ҷомеа ва ғайраҳо нишонаҳои пайдоиши дигар касалиҳои ҷиддитар мебошанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0