15:24 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Улица в Кабуле, архивная фото

Даромад аз гардиши нашъа дар Афғонистон ва ё ҷанг бо "Толибон" бо пули худи онҳо

© Александр Хроленко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
173 0 0

Маводи мухаддир дар бисёр мавзеъҳои Афғонистон киштукор мешавад, махсусан дар минтақаҳое, ки таъсири гуруҳҳои "Толибон" зиёд аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik, Дмитрий Верхотуров. Иқтисоди Афғонистони муосир ин як падидаест, ки ӯро бо ду ҷумла шарҳ додан имкон надорад.

Нисбати Афғонистон назарҳои мутлақ ва яксамта мавҷуданд, масалан “Афғонистон – калонтарин кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир”. Қисман дуруст аст, аммо на пурра.

Вобаста ба ин фикрамро метавонам чунин пешниҳод кунам: саноаткунонӣ бо суръати хело паст дар шароити ҷанг.

Иқтисоди Афғонистони ҷангзада

Вазъ дар Афғонистон ин нишонаи мавҷудияти ҷанги партизанӣ дар кишварро дорад. "Толибон" асосан дар шакли гуруҳҳои хурд-хурд  амал мекунанд. Гоҳ-гоҳ онҳо дар якҷоягӣ амалиётҳои калон мегузаронанд.

Аммо ҷанг дар Афғонистон ба рушди иқтисоди кишвар халал мерасонад. Инро метавон дар мисоли ҷанги чандинсола миёни гуруҳҳои "Толибон" ва ҳукумати Афғонистон дар қисмати шарқи музофоти  Нангаҳор тасдиқ кард. Аммо ба ин нигоҳ накарда саноат дар соҳаи ҷамъоварӣ ва коркарди сангҳои нодир дар Афғонистон пайдо шуд.  38 корхона ба ҷамъоварӣ ва 24 корхона ба коркарди ин навъи сангҳо машғул буда, аз ин ҳисоб 15 ҳазор одам соҳиби ҷои кор шудааст.

Роҳбари ассотсиятсияи маҳалии саноатии сангбарорӣ, Ҳоҷи Вали Хогъянӣ мегӯяд, ки дар ин соҳа маҷмуан 75 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст, ки ин барои шароити Афғонистон пули калон аст. Лекин вай аз гуруҳи ҷангҷӯён дида аз норасоии қувваи барқ дар ҳарос аст.

Ҷанг албатта ба иқтисод таъсирашро мерасонад. Яке аз натиҷаҳои ноамнӣ ин зиёдшавии киштукори маводҳои мухаддир гаштааст. Ба маълумоти Саридораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNDOC), дар соли 2017, 328 ҳазор гектар замин киштукори маводи мухаддир шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2016, 63 дар сад зиётар аст.

Ба маълумоти ҳукумати Афғонистон аз ҳисоби маводи мухаддир ба иқтисоди кишвар 1,4 млрд. доллар ворид мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба маълумоти бонки ҷаҳонӣ ММД Афғонистон дар соли 2017 ҳудуди 20,8 млрд. долларро ташкил карда буд.

Маводҳои мухаддир дар бисёр минтақаҳои Афғонистон киштукор мешаванд, махсусан дар мавзеъҳое, ки таъсири гуруҳи Толибон зиёдтар аст. Дар минтақаҳои шарқи кишвар 50% хоҷагии қишлоқ ва дар ҷануби кишвар –  85% ба киштукори афиюну героин машғуланд.

Афиюн тақрибан 60 дар сади даромади "Толибон"-ро ташкил медиҳад. Боқимондаи даромади онҳо аз ҳисоби андозҳое мебошанд, ки ба мардуми маҳалӣ баста шудаанд.

Дуюм натиҷаи ҷанг дар он аст, ки сармоягузорӣ ба иқтисоди маҳалҳо ноадолатона тақсимот мешавад. Қисмати асосии сармояҳо ба худи Кобул ва дигар вилоятҳои зери таъсири "Толибон" қарор надошта, тақсим мешаванд. Масалан, аз музофоти шимоли кишвар Балх, Самангон, Бомиён ва Бағалон, аз ғарб бошад Ҳирот, Бодғис, Фарёб аз сармояҳо истифода мекунанд. Дар вилоятҳое, ки таъсири Толибон зиёд аст сармоягузорӣ қариб, ки нест ва тиҷорат маблағгузорӣ крада намешавад.

Муқовимати иқтисодӣ бо Толибон

Ҷанг дар Афғонистон доираҳои ғайриқонунии иқтисодии олуда бо маводи мухаддиро ба вуҷуд овардааст. Аммо ин доира ба иқтисоди расмии кишвар сахт алоқа дорад. Деҳқонон афиюн ва героинро ба тоҷирон дода бар ивазаш аз онҳо ниёзи рӯзгор мехаранд, ин дар ҳолест, ки ин тоҷикрон расмӣ буда ҳамчун соҳибкори хурд ва миёна арзёбӣ мешаванд.

Соҳибкороне, ки дар маҳалҳои ҷангӣ тоҷирӣ мекунанд ба буҷаи давлат андоз месупоранд, ки маҳз аз ҳамин ҳисоб артиши муқобил бар зиди "Толибон" маблағгузорӣ карда мешавад. Яъне "Толибон"-и тоҷир аз деҳқонон афиюну героинро харидори намуда дар маблағгузорӣ бар зиди худашон шарик мешаванд.

Участки влияния Талибана в Афганистане в промежутке с 2001 по 2018
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр
Участки влияния Талибана в Афганистане в промежутке с 2001 по 2018

Ба маълумоти ҳукумати Афғонистон дар соли 2016 ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат 20 миллиард долларро ташкил карда буд, ки аз ин ҳисоб 2,5 миллиардаш дар шакли андоз ба ҳукумат супурда шуда буд. Ҳиссаи андози ба дасти ҳукумат расида аз ҳисоби маводи мухаддир 4,8 дар сад ва ё 125 миллионро ташкил медиҳад.

Саноат дар Афғонистон

Саноати суструшдкунанда, низ дар вилоятҳои зери назорати ҳукумати Афғонистон ҳамчун воситаи муқовимати иқтисодӣ бар зиди "Тлибон" гаштааст.

Саноатикунони дар Афғонистон хело суст рушд мекунад. Ин ҳатто аз боллоравии ММД кишвар  маълум аст. ММД-и кишвар алакай дар соли 2012, 20,2 миллиардро ташкил карда буд ва то имрӯз аз ҳамин сатҳ боло намеравад.

Дар ин ҳол саноатикунонӣ то ҳол ба захираи рушди ММД кишвар мубадал нагаштааст, аммо оҳиста-оҳиста дар ҳоли ҳаракат аст. Дар ин соҳа ҷои асосиро бахши энергетика мегирад.

Масалан дар соли 2014 Афғонистон ба воридоти қувваи барқ аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон гузашта, хатҳои барқгузар, низ сохт.

Барвақттар қуваи барқ ба воситаи генераторҳои дизели тавлид мешуд ва хело гарон ҳам буд. Ва таҳвили сузишворӣ барои дизелҳо аз ҷониби Толибон назорат карда мешуд. Нерӯ ба воситаи хатҳои барқгузар барои аҳолии Афғонистон хело арзон шуд. Масалан дар моҳи июли соли 2018 дар Қалъаи Нави вилояти Бодғис хатти барқгузарӣ нав, ки ба воситаи он аз Туркманистон нерӯ интиқол меёбад, кушода шуд. Дар натиҷа арзиши 1 КВт-соат аз 46 афғонӣ ба 6 афғонӣ поён рафт.

Толибон борҳо кӯшиши хароб кардани хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро намудаанд, Аммо низомиён ба онҳо имкон надоданд.  Масалан, қувваҳои мусалаҳи Афғонистон барои нигоҳдории хатҳои барқгузар солҳои 2015-2017 дар музофоти Бағалон ва Бомиён бо Толибон муқовимат нишон дода хатти интиқоли ббарқро муҳофизат карданд.

Инчунин ҳукумати Афғонистон  нерӯгоҳҳои офтоби сохтаистодааст. Масалан яке аз онҳо дар Сароби вилояти Кобул бо иқтидори 20 МВт соат сохта мешавад.

Аз норасоии нерӯи барқ дар Афғонистон ҳамаи соҳаҳо танқисӣ мекашанд.

Айни ҳол содироти асосии Афғонистон ин маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук мебошанд. Барои ба истифода додани лоиҳаҳои бузурги саноатӣ дар Афғонистон нерӯи барқ лозим аст.

Ҳукумати Афғонистон маҳз ба бунёд ва истифодаи лоиҳаҳои ТАПИ ва CASA-1000 умедвор аст. Лоиҳаи ТАПИ ин барои интиқоли агз аз Туркманистон ба Афғонистону, Покистону Ҳиндустон пешбинӣ шудааст. Агар ин лоиҳаҳо сохта ба истифода дода шаванд, саноати Афғонистон бо суръат рушд хоҳад кард. 

Барчаспҳо:
андоз, ҷанг, Толибон, иқтисод, маводи мухаддир, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ