11:13 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото

Ҳалокати 7 корманди пулис ҳангоми ҳамла ба гузаргоҳи марзӣ

© AFP 2019 / Noorullah Shirzada
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Ба маълумоти  расонаҳои маҳалӣ, бегоҳи рӯзи шанбе дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳи “Толибон” дар ҳудуди ноҳияи Чимтал ҳодисаи маргбор ба вуқуъ пайвастааст

 ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар натиҷаи ҳуҷуми Толибон ба гузаргоҳи марзӣ дар Музофоти Балх дасти кам 7 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд, рӯзи якшанбе иттилоъ дод шабакаи телевизионии  Ariana News бо истинод ба гуфтаҳои намояндаи мақомоти пулиси ин музофот.

Ба маълумоти шабакаи телевизионӣ ҳодиса дар натиҷаи ҳуҷуми гуруҳи Толибон дар ҳудуди ноҳияи Чимтал бегоҳи рӯзи шанбе ба вуқуъ пайвастааст. Қайд шудааст, ки дар натиҷаи ҳамла аз намояндагони Толибон низ 3 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар Афғонистон рақобат миёни гуруҳи Толибон ва қувваҳои мусаллаҳи ҳукумати кишвар идома дорад.

Чанде пеш Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи ҳамкорӣ бо гуруҳи Толибон-ро чунин шарҳ дода буд.

Ба гуфтаи мудири Депортаменти дуюми Осиёи ВУХ Русия Замир Кобулов, Маскав дар сурати муқовимат бар зиди гуруҳи террористии ДОИШ ҳамкорӣ бо Толибонро метавонад пазирад.  

Барчаспҳо:
кушта, ҳамлаҳо, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ