08:28 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Ежегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию

Фарзанди бисёр – андози кам: пешниҳоди Путин ба парлумони кишвар

© Sputnik / Алексей Филиппов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73310

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин нисбати оилаҳои серфарзанд имтиёзҳои нав пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бояд сатҳи андозсупории оилаҳои серфарзандро поён бурд, гуфт Владимир Путин ҳангоми ироаи пайёмаш ба пурлумони кишвар.

“Андозсупори нисбати оилаҳои серфарзанд бояд поён бурда шавад. Шарти поёнбарии андозсупорӣ дар чунин шакл бояд сурат гирад – фарзанди бисёр – андози кам”, - таъкид кард Путин.

Путин ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки оилаҳои серфарзанд аз супоридани андози замини назди ҳавлигӣ (то 6 сотиқ)  озод карда шаванд.

Раисҷумҳури Русия бар он аст, ки барои оилаҳое, ки се ва зиёда аз ин фарзанд доранд дар супоридани андози манзил имтиёзҳои бештар чораҷӯи карда шаванд.

“Пешниҳод мекунам, ки имтиёзҳои федеролӣ оид ба амволи ғайри манқул нисбати оилаҳои серфарзанд зиёд карда шаванд. Иловатан, сари ҳар кӯдак бо ҳисоби 5 метри мураббаъ дар хонаҳои бисёрошёна ва 7 метри мураббаъ дар хонаҳои заминӣ аз андозсупорӣ озод карда шаванд”, - таъкид кард Путин.

Ҳамчунин барои ҳар оилаи серфарзанде, ки ипотека гирифтаанд қариб ним миллион рубл ҷудо карда шавад.

“Вазъи мушкили иқтисодӣ ва даромади ками мардумро ба назар гирифта, ҳангоми таваллуди фарзанди сеюм ба номи ӯ 450 ҳазор рубл барои пардохти ипотака ҷудо карда шавад”, - илова кардааст Путин.   

Ин имтиёзҳо аз 1 январи соли ҷорӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Барчаспҳо:
оилаҳои серфарзанд, кумак, андоз, имтиёзҳо, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ