22:07 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Участники Совета глав государств СНГ, на церемонии фотографирования глав, архивное фото

Сарони кишварҳои ИДМ ба солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баёнияи муштарак судур мекунанд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
175 0 0

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 62 кишвари дунё ширкат варзидаанд, ки дар натиҷа 54 миллион одам ба ҳалокат расида, 90 миллион одам ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, ки аз ин шумор 28 миллионаш маъюб (инвалид) боқӣ мондаанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар иртибот ба ҳаштодумин солгарди оғози Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ баёнияи муштарак судур мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА”.

Ианбаъ афзудааст, ки рӯзи 28 феврали соли равон дар қароргоҳи ин иттиҳод дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ҳамоҳангсозии тарҳи баёнияи муштараки кишварҳои узви Иттиҳод дар мавриди 80-умин солгарди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон 1 сентябри соли 1939 оғоз шуда 2 сентябри соли 1945 хотима ёфтааст. Ҷанг миёни ду эътилофоти (блоки) ҳарбӣ ва сиёсии ҷаҳон, ки ба ҷанги бузургтарини дунё  дар таърихи инсоният шинохта мешавад.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 62 давлати дунё иштирок кардаанд. Ҷанг дар се қитъа ва дар обҳои чаҳор уқёнусҳои ҷаҳон рӯй додааст.

Шумораи кишварҳои иттифоқи (блоки) зидди фашистӣ дар давоми ҷанг тағйир меёфт.

Гузари низомӣ дар Майдони сурх дар Москав 7 ноябри соли 1941. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Александр Устинов
Баъзе аз онҳо хеле фаъол буданд, дигарон ба иттифоқи худ бо маҳсулот, хӯрок ва ғайраҳо кӯмак мерасониданд.

Бар зидди Гитлер ва иттифоқи давлатҳои фашистӣ кишварҳои зерин ба ҷанг дохил буданд: Лаҳистон, Британияи Кабир, Фаронса (аз соли 1939), СССР (аз соли 1941), ИМА (аз соли 1941), Чин, Австралия, Канада, Югославия, Нидерланд, Норвегия, Зеландияи Нав, Иттиҳодияи Ҷануби Африқо, Чехословакия, Белжик, Юнон, Эфиопия, Дания, Бразилия, Мексика, Муғулистон, Люксембург, Непал, Панама, Аргентина, Чили, Куба, Перу, Гватемала, Колумбия, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминик, Албания, Ҳондурас, Салвадор, Ҳаити, Парагвай, Эквадор, Сан-Марино, Туркия, Уругвай, Венесуэла, Ливан, Арабистони Саудӣ, Никарагуа, Либерия, Боливия.

Дар давоми ҷанг ба ин рӯихат баъзе аз кишварҳое ворид шуданд, ки дар блоки миллатгароёни фашистӣ буданд: Эрон (аз соли 1941), Ироқ (аз соли 1943), Италия (аз соли 1943), Руминия (аз соли 1944), Булғористон (аз соли 1944), Маҷористон (аз соли 1945), Финляндия (аз соли 1945).

Аз ҷониби дигар дар ҷанг кишварҳои итттифоқи миллатгароёни фашистӣ иштирок доштанд: Германия, Италия (то 1943), Империяи Ҷопон, Финляндия (то 1944), Булғористон (то 1944), Руминия (то 1944), Маҷористон (то 1945), Словакия, Таиланд (Сиам), Ироқ (то 1941), Эрон (то 1941), Манчжоу-Го ва Хорватия.

Мувофиқи маълумотҳои дастрас дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар маҷмуъ 54 миллион одам ба ҳалокат расида, 90 миллион ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, ки аз ин шумор 28 миллионаш маъюб (инвалид) боқӣ мондаанд.

 

Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ҷанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ