05:40 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Иракский полицейский на месте массового захоронения, архивное фото

Ваҳшониятҳои ДОИШ: 3500 ҷасад дар як чуқурӣ

© AP / Christian Stephen
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
716 0 0

Дар як қабр бештар аз 3500 ҷасадро зери хок кардаанд. Тавре сокинони Раққа мегӯянд, бархе аз қурбониёнро бо либосҳои норинҷӣ, ки доишиён ҳангоми эъдом мепӯшонанд, гӯронида буданд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар шаҳри Раққаи Сурия қабри ҷамъии қурбониёни ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон, гурӯҳи террористӣ)-ро пайдо карданд, ки бештар аз 3500 ҷасадро дар як чуқурӣ гӯронида буданд.

Ба қавли сокинони маҳаллӣ, бархе аз кушташудагонро бо либосҳои норинҷӣ гӯронидаанд, ки ба онҳо пеш аз эъдом мепӯшониданд.

Пештар чунин як гӯри ҷамъиро дар минтақаи Бадуш, наздикии шаҳри Мосул пайдо карда буданд.

Маълум гардида буд, ки дар ин чуқурӣ бештар аз 30 нафарро, ки бештари онҳо номзад ба интихоботи парлумонии соли 2014 дар Сурия будаанд, гӯронида буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ дар Ливия низ дар як чуқурӣ садҳо ҷасадро зери хок карда будааст.

Моҳи ноябри соли 2018 раёсати Комиссиюни олии ҳуқуқи инсони СММ хабар дод, ки дар чанд минтақаи Ироқ бештар аз 200 гӯри ҷамъӣ пайдо шуд.

Байни кушташудагон, ҷасади кӯдакон, занон, солхӯрдагон, низомиён ва хориҷиён будааст.

Мавзӯъҳои асосӣ