22:49 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Замир Кабулов. Архивное фото

Кабулов: толибонро бояд қисман аз таҳримҳо озод кард

© AP / Muhammad Shoaib Amin
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15710

Намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия дар Афғонистон Замир Кабулов пешниҳод кард, ки "Толибон"-ро барои ширкаташон дар гуфтушунидҳо қисман аз таҳримҳо озод кунанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон Замир Кабулов пешниҳод кард, ки ҳаракати "Толибон" қисман аз таҳримҳо озод шавад, то намояндагони он тавонанд барои гуфтушунид дар бораи ба эътидол овардани Афғонистон ба дигар кишварҳо сафар кунанд.

"Роҳбарияти "Толибон" нафаронеро, ки ба мулоқот мераванд, муайян кардааст. Имрӯзҳо мо мебинем, ки онҳо ба кишварҳои ҷаҳон сафар мекунанд - ба Маскав омада буданд, ба дигар кишварҳо низ рафтанд. Аммо қарордоди Шӯрои амнияти СММ ҳаст (ки ба онҳо таҳрим мегузорад). Фикрм мекунам, барои мулоқоткунандагон метавон истисно кард, сафарҳояшонро осонтар кард. Ин дар ба эътидол овардани вазъи Афғонистон мусоидат хоҳад кард", - мегӯяд Кабулов.

"Аз як тараф мо аз толибон меранҷем, ки ба гуфтушунид ҳозир намешаванд, аз тарафи дигар ин равандро худамон мушкил месозем. Барои ҳамин мо мехоҳем аз рӯи мантиқ кор кунем ва ин мушкилиро ҳал кунем", - афзудааст вай.

Кабулов пештар низ гуфта буд, ки "Русия ҳоло бознигарии статуси толибонро баррасӣ намекунад. Аммо бояд қадам ба қадам ҳал кард. Мо бояд фармони раисҷумҳурро дар бораи  гурӯҳи террористӣ эътироф кардани "Толибон фаромӯш накунем. Ин фармон пас аз қарордоди Шӯрои амниятии СММ ба тасвиб расидааст. Агар шӯрои амнияти созмон қарори дигареро қабул кунад, ба фикри ман, роҳбарияти Русияро низ қарорашро бознигарӣ мекунад".

Мавзӯъҳои асосӣ