08:26 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Дональд Трамп выступает на пресс-конференции после саммита с лидером Северной Кореи Ким Чен Ыном

Рӯзноманигорони Ғарб дар ҳайратанд: Трамп ба саволи хабарнигори Sputnik посух гуфт

© AP / Evan Vucci
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
693 0 0

Рӯзноманигори хабаргузории Sputnik аз раисҷумҳури Амрико дар бораи имконияти назорати таъсисоти ҳастаии Кореяи шимолӣ пурсион шуд ва дарҳол посух гирифт

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар рафти нишасти матбуотии натиҷаҳои иҷлосияи сарон дар Ветнам рӯзноманигорони Ғарб шигифтзада шуданд, ки рӯзноманигори оҷонсии иттилоотии Sputnik тавонист ба президенти ИМА Доналд Трамп савол диҳад.

Баъди мулоқоти раисҷумҳури Амрико бо роҳбари Ҷумҳурии мардумии демократии Корея Ким Чен Ин рӯзноманигори Русия аз Доналд Трамп дар бораи имконияти назорати таъсисоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ пурсон шуд.

Раисҷумҳури Амрико дарҳол посух гуфт, ки намояндагони Вашингтон метавонанд ин корро анҷом диҳанд.

Намояндагони расонаҳои Ғарб дарҳол ин саволу ҷавоби рӯзноманигор ва президентро баррасӣ карданд.

"Ожносии тарғиботии иттилоотии Sputnik ба Трамп савол дод", - навиштааст дар Twitter хабарнигори Yahoo News дар Қасри сафед.

Сармуҳаррири агентии иттилоотии Feature Story News Саймон Маркс ҳам дар Твиттер дар ин бора навиштааст: "Трамп ба саволи хабаргузории русии Sputnik посух гуфт".

Хабарнигори Қсари смафед Харри Хартон низ навиштааст: "Трамп ҳоло ба суоли хабаргузории русии Sputnik посух медиҳад".

Ёдрас мешавем, пештар Сараҳ Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, феълан созише ҳосил нашудааст, аммо тимҳои ҳар ду ҷониб бесаброна мулоқотҳои ояндаро интизоранд. Ӯ афзудааст, ки роҳбарони ду кишвар роҳҳои гуногуни ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Кореяро баррасӣ намуданд.

Дар ин мулоқот Трамп аз роҳбарии Ким тавсиф карда, изҳори боварӣ намудааст, ки зери роҳбарии ӯ Кореяи шимолӣ ба дастовардҳои бузург ноил хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ