Пас аз рақобат бо Конор: Ҳабиб дар феҳристи Топ-100 варзишкори маъруфи ҷаҳон

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар зинаи 15-уми Топ-100 варзишкори маъруфи ҷаҳон қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳристи Топ-100 варзишкори машҳуртарини ҷаҳон ворид шудааст, хабар медиҳад шабакаи варзишии ESPN.

Нурмуҳаммадов дар сатри 15-ум ҷой гирифтааст.

Қайд мешавад, ки  Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз рақобат бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор маъруфияти бештар пайдо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегор 6 октябр дар Лас-Вегас рақобат карданд. Дар даври 4-ум Ҳабиб Конорро мағлуб кард.

Чествование Хабиба Нурмагомедова в Махачкале - Sputnik Тоҷикистон
Саволи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба президенти Амрико Доналд Трамп

Пас аз анҷоми бозӣ мухлисони Конор Ҳабибро таҳқир карданду Ҳабиб аз ринг берун ҷаста ба онҳо ҳамла кард. Мухлисони Ҳабиб низ ба онҳо ҳамроҳ шуданду занозании гурӯҳӣ сар шуд.

Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо ба 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.

Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.

Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.

Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0