07:45 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
LIVE: Пресс-конференция Хабиба Нурмагомедова в Москве

"Тамоку накаш": посухи Нурмуҳаммадов ба Фергюсон

Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59810

Варзишкори амрикоӣ Тони Фергюсон ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов навиштааст: "Ба наздикӣ вомехӯрем, ниндзя".

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба даъвати намояндаи муҳорибаҳои омехтаи Амрико Тони Фергюсон посух дод.

Фергюсон ба Нурмуҳаммадов дар шабакаи иҷтимоии Twitter муроҷиат кардааст.

"Ба наздикӣ вомехӯрем, ниндзя. Ҳоло бошад истироҳат мекунам", - навиштааст Фергюсон дар саҳифааш.

Варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов худро гум накардаву ба ин визови Фергюсон посух навиштааст.

"Тамокукаширо бас кун",-навиштааст Ҳабиб.

Ёдовар мешавем, ки айни замон Ҳабиб Нурмуҳаммдов давраи маҳрумият аз ширкат дар муҳорибаҳоро паси сар мекунад. Ӯ пас аз рақобат бо Конор Макгрегор аз ширкат дар сабқатҳо маҳрум шуд. 

Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.

Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.

Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.

Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.

Ба гуфти падари Ҳабиб, варзишкор фаъолияташро пас аз рақобат бо Ҷорҷ Сен-Пери канадагӣ, Тони Фергюсони амрикоӣ ва Флойдом Мэйуэзер хотима медиҳад.

Мавзуъ

Саволи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба президенти Амрико Доналд Трамп
Пеш аз мурофиа: Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҷазои эҳтимолияшро гуфт
Ҳабиб гуфт, ки чаро аз муҳорибаи дубора бо Макгрегор даст мекашад

Мавзӯъҳои асосӣ