09:50 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Председатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев

Қосим-Ҷомарт Токаев - иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Қазоқистон

© Sputnik Болат Шайхинов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
514 0 0

Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсуллтон Назарбоев эълон кард, ки салоҳияти президентиро аз худ канор мегузорад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар Қазоқистон пас аз эъломи истеъфои президент, маълум шуд, ки симати иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳурро кӣ иҷро хоҳад кард.

Симати роҳбарии Қазоқистонро то интихобот дар кишвар раиси сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Токаев иҷро хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, пештар раисҷумҳури Қазоқистон эълом карда буд, ки истеъфо медиҳад.

Нурсултон Абшибоевич Назарбоев 6 июли соли 1940 дар деҳоти Ҷемалғони ноҳияи Каскелени вилояти Алмато ҶШС Қазоқистон таваллуд шудааст.

Ӯ аз замони ташкил шудани кишвар, соли 1991 раисҷумҳури Қазоқистон мебошад.

Дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ, ки 26 апрели соли 2015 дар Қазоқистон баргузор шуд, Назарбоев 97 дар сади овозҳоро ба даст овард ва пирӯз шуд.

Моҳи феврали соли равон Назарбоев истеъфои ҳукумати Қазоқистонро қабул карда буд.

Он вақт, ӯ дар изҳороташ гуфта буд, ки ҳукумати феълӣ пулшӯӣ мекунад ва дар рафти фаъолияташ некӯаҳволии шаҳрвандони кишварро беҳтар накард.

Мавзӯъҳои асосӣ