Президенти нав пешниҳод кард, ки номи Остона ба Нурсултон иваз шавад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПредседатель Сената Парламента Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев
Председатель Сената Парламента Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пойтахти Қазоқистон бояд номи Нурсултон Назарбоевро касб кунад, мегӯяд перзиденти нави ҷумҳурӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раисҷумҳури тозаи Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кардааст, ки номи пойтахти кишвар ба Нурсултон иваз карда шавад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

"Пешниҳод мекунам, ки номи аввалин раисҷумҳурамонро абадӣ гардонем: пойтахти мо бояд номи Нурсултонро гирад", - таъкид кардааст вай.

Ба гуфтаи Тоқаев, ҳамчунин, бояд тамоми кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Қазоқистон ба номи Нурсултон Назарбоев гузошта шаванд.

Ёдрас мешавем, шаҳри Остона то соли 1998 Акмола ном дошт. Остона дар тарҷума аз забони қазоқӣ маънои пойтахтро дорад.

Ҳамчунин рӯзи 6 июл, ки рӯзи зодрӯзи Назарбоев низ аст, дар Қазоқистон Рӯзи Остонаро таҷлил мекунанд. Соли 1999 Остона бо қарори ЮНЕСКО унвони "Шаҳри сулҳ"-ро гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0