23:36 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп

Трамп Раҳмон ва хонаводаашро бо Наврӯз шодбош гуфт

© Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст

ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шобошӣ ирсол карда, раисҷумҳур, хонаводааш ва мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз шодбош гуфтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.

Трамп гуфтааст, ин иди зиндашавии табиатро дар Амрико низ ҷашн мегиранд.

"Ман ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи масрур ва фархунда орзу менамоям. Дар ин иди пуршукуҳ, аксарият дар Амрико ва атрофи ҷаҳон якҷоя эҳё ва азнавшавии табиатро ҷашн мегиранд", - омадааст дар барқияи Трамп.

Афзун бар ин, раисҷумҳури Амрико дар мактуби шодбошиаш аз рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико изҳори қаноатмандӣ кардааст.

"Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкилиҳо ҳамкорӣ менамоянд. Ман хурсандам, ки миллатҳои мо дар мубориза бар зидди терроризм, ки ба беҳбудии Тоҷикон, Америкоиҳо ва ҳамаи мардуми олам хатар эҷод менамояд, шарикони наздик мебошанд", - таъкид намудааст ӯ.

"Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ман қаноатмандам, ки тиҷорати америкоӣ имкониятҳои нави ҳамбастагӣ бо Тоҷикистонро ҷустуҷу дорад. Наврӯз муборак", - гуфта мешавад дар анҷоми барқияи шодбошӣ.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи президенти Покистон барқияи шодбошӣ расида, вуруди мактубҳо идома доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ