Бойтар: Алишер Усмонов дар сархати рейтинги Forbes

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои нашриёт Алишер Усмонов ба далели фурӯши саҳмаш дар тими футболи "Арсенал" дар феҳристи ашхоси сердаромадтарини Русия якбора панҷ зина поён омада, дар ҷойи панҷум қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Алишер Усмонов дар феҳристи сарватмандтарин ашхоси Русия панҷ зина поён рафт. Дар ин бора маҷаллаи Forbes хабар медиҳад.

Алишер Усмонов дар феҳристи сердаромадтарин афроди Русия бо даромади 1,1 миллиард доллар дар мақоми 5-ум ҷой гирифтааст. Ин даромад аз "Металлоинвест" ва пас аз фурӯши саҳмаш дар тими футболи англисии "Арсенал" ба даст омадааст.

Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Алишер Усмонов: Мирзиёев “Горбачёви узбакӣ нест”

Ба иттилои маҷалла, Алишер Усмонов ба далели фурӯши саҳмаш дар тими футболи "Арсенал" якбора панҷ зина поён омада, дар рейтинги сарватмандтарин ашхоси Русия, дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Дар мақоми аввал Сергей Галитский бо даромади 2,4 миллиард доллар, ки дар натиҷи фурӯши 29 дарсади аксияҳои "Магнит" ба даст омадааст, нишастааст.

Алишер Усмонов: "олигарх" нестам, дар Русия танҳо як “олигарх” мондаст

Маҷаллаи амрикоӣ ҳамасола феҳристи сарватмандтарин афроди ҷаҳон ва ё кишварҳои алоҳидаро мунташир мекунад.

Соли гузашта, раиси ширкати "Металлоинвест"  Алишер Усмонов дар ин феҳрист даҳум буд. Дороии ин  сарватманди узбактабори Русия дар соли 2018 ба 2,7 миллиард камтар шуда, 12,5 миллиард долларро ташкил дод.

Усмонов ба Маркази исломии Узбакистон ба 8 миллион доллар китоб тақдим кард

Даромади ширкати мазкур дар соли 2017 зиёд шуда бошад ҳам, сарвати Усмонов аз ҳисоби дигар ширкатҳои телекоммуникасионӣ  кам шуд ва имсол ба далели фурӯши саҳмаш дар тими футболи "Арсенал" боз афзоиш ёфт.

Лентаи хабарҳо
0