16:54 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Пистолет, архивное фото

Овозхони амрикоӣ зимни ба наворгирии намоҳанг худро кушт

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
256 0 0

Тир ба сари овозхони амрикоӣ Ҷастин Картер заду ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сарояндаи амрикоӣ Ҷастин Картер зимни ба наворгирии намоҳанги наваш ба ҳалокат расид. Дар ин бора Fox News хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки овозхони 35-сола худ, тасодуфан ба сараш тир кушодааст. Ӯ таппончаро дар кисааш ҷо карда будааст.

Пас аз чанд дақиқае аз таппонча тир холӣ шудаасту овозхон дар ҷои ҳодиса ҳалок гардидааст.

Ҷастин Картер дар намуди жанрҳои кантри ва рок-н-ролл суруд месароид. Ӯ нақша дошт имсол дар даҳ иёлоти ИМА сафари ҳунарӣ дошта бошад.

Моҳи март Ҷастер Картер намоҳанги Love Affair-ро бароварда буд, ки миёни ҳаводоронаш маҳбубият пайдо кард. Ва чанде пеш бо ширкати Triple Threat Management шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Мусиқашиносоне, ки бо Картер ҳамкорӣ доштанд, қайд мекунанд, ки ӯ ҳунарманди хуб буд ва агар умр вафо мекард, маъруф мешуд.

Мавзӯъҳои асосӣ