23:53 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Астана. Архивное фото

Пешниҳоди тағйири номи се шаҳри дигари Қазоқистон ҳам

© Sputnik / Владислав Воднев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Муовини роҳбари Ҳизби демократии Қазоқистон Қазбек Исо пешниҳод кардааст, ки шаҳри Петропавловск Хон Абил ва Павлодар Кенесара номгузорӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ноиби раиси Ҳизби демократии Қазоқистон Қазбек Исо пешниҳод кардааст, ки шаҳрҳои Петропавловск, Павлодар ва Семейро тағйир дода бо исмҳои шахсиятҳои бузурги қазоқ номгузорӣ кунанд, иттилоъ додааст РИА Новости.

“Петропавловскро ба Хон Абил, Павлодар ба Кенесара, ки баҳри мустақилияти кишвар кӯшиш ба харҷ додааст ва Семей ба Алихон Букейханов тағйир дода шаванд. Мо бояд ҳамин тавр ин корро давом диҳем”, - дар ҷаласаи Ҳайати  қавваҳои демократии “Қазоқистон – 2050” бо дастгирӣ аз  тағйири номи пойтахти кишвар гуфтааст Исо.

Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки бо пуррагӣ қарор да бораи тағйири номи Остона ба Нурсултонро дастгирӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти нави Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тағйиротеро ба сарқонуни кишварро имзо кард, ки мувофиқи он, Остона - пойтахти Қазоқистон расман Нурсултон ном гирифт.

"Шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон номгардон карда шавад", - гуфта мешавад дар фармони Тоқаев.

Вакилони Қазоқистон худи ҳамон рӯз ба ҷонибдории ин пешниҳоди Тоқаевро овоз доданд.

Барчаспҳо:
ном, тағйир, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ