22:05 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ

Раддабандии шиносномаҳои "пурқувват": Тоҷикистон чандум аст?

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1419 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвари ҷаҳон сафар кунанд. Ин раддабандиро ширкати швейсарии Henley & Partners тартиб додааст

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Шиноснамаи тоҷикӣ байни пурқувваттарин шиносномаҳои дунё мавқеи 81-умро касб кардааст. Дар ин бора дар раддабандии шиноснамаҳои ширкати швейсарии  Henley & Partners омадааст.

Дар ин раддабандӣ дар бораи сафари озоди шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дар кишварҳои ҷаҳон маълумот дода мешавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба 58 кишвари дунё бидуни раводид сафар карда метавонанд.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар як сатр бо Узбакистон ҷой гирифтааст.

Қазоқоситон раддаи 65-умро гирифтааст, ки шаҳрвандони кишвар метавонанд ба 76 кишвари ҷаҳон бидуни раводид сафар кунанд.

Шиносномаи қирғизӣ бо додани имконияти сафари озод ба 64 кишвари ҷаҳон ба шаҳрвандонаш мавқеи 76-умро касб кардааст.

Туркманистон дар ҷойи 86-ум аст, шаҳрвандони кишвар метавонанд бидуни раводид ба 53 кишвари ҷаҳон сафар кунанд.

Шаҳодатномаҳои пурқувватаринро шаҳрвандони Сингапур, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ соҳиб будаанд. Сокинони ин кишварҳо бидуни раводид метавонанд ба 189 кишвари дунё сафар кунанд.

Олмониҳо метавонанд ба 188 кишвар озод сафар кунанд. Русҳо ба 118 кишвар бидуни раводид сафар карда метавонанд.

Амрико дар ин раддабандӣ ҷойи 6-умро гирифтааст. Амрикоиҳо ба 184 кишвари дунё бидуни раводид сафар карда метавонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ