Даргузашти "арӯс"-и Ҷеймс Бонд

CC BY-SA 4.0 / ETH-Bibliothek Zürich, Bildarchiv / Comet Photo AG (Zürich) / Tania Mallet, English model and actress, as Tilly Masterson during the shooting of "007 - Goldfinger" in Andermatt (Switzerland) / Cropped imageБританская актриса Таня Мале
Британская актриса Таня Мале  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарпешаи бритонӣ Таня Мале, ки дар филми "Голдфингер" нақши арӯсшавандаи Ҷеймс Бондро иҷро кардааст, дар синни 77 солагӣ даргузашт.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Таня Мале-ҳунарпешаи бритонӣ, ки дар филми "Голдфингер" нақши арӯсшавандаи Ҷеймс Бондро иҷро кардааст, аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора дар торномаи расмии филмҳои Ҷеймс Бонд хабар дода мешавад.

"Мо аз даргузашти Таня Мале, ки дар филми "Голдфингер" нақши Тилли Мастерсонро офарида буд, бисёр ангӯҳгин шудем. Дар чунин лаҳзаҳои ғамгин, мо бо аҳли хонавода ва ёру дӯстонаш ҳамдардем",-омадааст дар таъзия.

Hollywood Reporter менависад, ки нақш дар филм дар бораи Чеймс Бонд барои Таня Мале ягона нақши бузургтарин дар олами синамо буд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Мале фаъолияташро аз олами муд аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз карда буд.

Лентаи хабарҳо
0