Музокироти намояндагони Кобулу ва ҷунбиши “Толибон” дар Самарқанд баргузор мегардад

© Sputnik / Стас ЭтвешАрхитектурный комплекс "Регистан" в Самарканде, архивное фото
Архитектурный комплекс Регистан в Самарканде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷониби Узбакистон пешниҳод намудааст, ки музокироти мустақими ҳукумати Афғонистон бо ҷунбиши “Толибон” дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Музокирти намояндагони ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” имкон дорад дар Самарқанди Узбакистон идома ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Афғонистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки таъриху музокироти ҳкумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” то ҳал маълум нашудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон рӯзи якшанбе дар Кобул бо намояндагони ҳайати Узбакистон дар симои мушовири раисҷумҳур доир ба амнияти миллӣ Виктор Маҳмудов ва Вазири хориҷа Абдулазиз Комилов ҷараёни сулҳро дар ин кишвар баррасӣ намуд.

Замир Кабулов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов: Русия барои мубориза бо ДОИШ бо толибон ҳамкорӣ мекунад

“Ҳайати Узбакистон ташаббуси сулҳомези ҳукумати Афғонистонро ҷонибдорӣ карда ва пешниҳод намуданд, ки музокироти мустақими сулҳ миёни ҳукумат ва ҷунбиши “Толибон” дар Самарқанд идома ёбад”, - таъкид намуд дафтари матбуоти Вазорат.

Зимни мулоқот тарафҳо масоили ҳамкориҳои транзитӣ ва тиҷорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои миёни Узбакистону Афғонистон баррасӣ шуд. Ашраф Ғанӣ барои тақвияти ҳамкориҳои Узбакистон бо Афғонистон дар соҳаҳои иқтисод изҳори минатдорӣ кард. вай таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ба суботи минтақавӣ ҳамбастагӣ дорад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Замир Кабулов, мудири депортаменти дуюми Осиёи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфта буд, ки Русия ва Чин омода ҳастанд ба Амрико дар музокирот бо Толибон кумак намоянд.

Лентаи хабарҳо
0