16:46 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане

Як шаҳристони шимолии Афғонистон зери тасарруфи Толибон даромад

© AFP 2019 / NOORULLAH SHIRZADA
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Дар даргирии мусаллаҳона ба пайкорҷӯёни гуруҳи тундрави “Толибон”, ки 20 соат тӯл кашид, 14 тан низомӣ ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Пайкорҷӯёни ҷунбиши тундгарои Толибон рӯзи гузашта шаҳристони Арганҷи Бадахшони Афғонистонро, ки ҳаммарзи Тоҷикистон аст, таҳти тасарруф дароварданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ афзудааст, ки бино ба гузориши телевизиони Ariana News бо нақл аз ҳукумати маҳаллӣ, дар даргирии мусаллаҳона ба пайкорҷӯён, ки 20 соат тӯл кашид, 14 тан низомӣ ҷон бохтанд.

Толибон қисмате ба таслиҳоти низомиён, ки ақибнишинӣ карданд, даст ёфтанд.  

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир дар баробари ҷунбиши гуруҳи тундрави “Толибон” дар хоки Афғонистон гуруҳи террористии ДОИШ низ мавқеи худро мустаҳкам карда истодаанд.  

Ҳукумати кунунии Афғонистон нисбати ин ҳама амалҳо мехоҳад чорандешӣ намояд.  

Барчаспҳо:
хок, ҷунбиши Толибон, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ