20:41 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев на саммите ШОС в Китае

Мирзиёев ба писаракони ҳамномаш мошин ҳадя кард: падари кӯдакон ба садама дучор шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1197 0 0

Дар Узбакистон падари се писараки ҳамноми Шавкат Мирзиёев Мирамонович, раисҷумҳури Узбакистон бо мошини гаронбаҳои ҳадяи президент ба садама дучор шуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Сегоникҳо дар шаҳри Қӯқанди Узбакистон соле пеш таваллуд шуда, волидон онҳоро ба хотири раисҷумҳури кишварашон Шавкат, Мирзиё ва Мирамон ном гузошта буданд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Узбакистон ба хонаводаи сегоникҳо мошини гаронбаҳо Chevrolet Cobalt ҳадя кард.

Аммо имрӯз, 2 апрел расонаҳо Узбакистон хабар доданд, ки падари кӯдакон бо ҳадяи раисҷумҳур ба садама дучор шудааст.

Садама 31 март рух додааст.

Бино бар иттилои мақомоти Узбакистон, дар кӯчаи Шохрухободи Қӯқанд мошини ҳадякардаи президент бо худрави Opel бархӯрдааст. Дар нитиҷа ду мософири худрави Chevrolet Cobalt ҷароҳат бардоштаанд.

Полис ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ