17:07 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
На юге Кыргызстана сель накрыл автомобиль с людьми

Фоҷиа: Сел дар Афғонистон ҷони 287 танро гирифт

© кадр из видео отправленного по WhatsApp-каналу
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1059 0 0

Аз оғози март дар 26 устони кишвар боришоту сел идома дорад. Мардум аз эҳтимоли мавориди ингуни офатҳои табиъӣ дар рӯзҳои оянда огаҳ карда шудаанд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Сел дар Афғонистон ҷони 287 танро гирифт, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, Наҷиб Ака Фаҳим, вазири мубориза бо офатҳои табиъии Афғонистон гуфтааст, дар натиҷаи сел тайи ҳафтаҳои гузашта 287 тан ҷон бохтанд, 27000 манзили иқоматӣ тахриб шуд.

Гуфта мешавад, бино ба гузориши сойти www.1tvnews.af, вазири мубориза бо офатҳои табиъии Афғонистон гуфт, ки аз оғози март дар 26 устони кишвар боришоту сел идома дорад. Мардум аз эҳтимоли мавориди ингуни офатҳои табиъӣ дар рӯзҳои оянда огаҳ карда шудаанд.

Дар зимн, Ҷопон барои кумак ба осебдидагони сел дар Афғонистон 11 миллион доллар ихтисос медиҳад. Кумакҳо Ҷопон ба Қандаҳор ва Ҳилманд мунтақил мегардад.

Сел дар Афғонистон ҳамасола рух медиҳад, вале имсол хеле марговар буд.

Пештар дар Эрон низ дар пайи офати табиӣ - сел 19 тан кушта шуда буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ