Зеленский ва Порошенко аз ташхиси наркологӣ ва алкоголӣ гузаштанд

© AP / Emilio MorenattiКандидат в президенты Украины, актер Владимир Зеленский
Кандидат в президенты Украины, актер Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номзад ба президентии Украина Владимир Зеленский бо як гурӯҳ рӯзноманигорон аз ташхиси хун гузашт

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Номзад ба президентии Украина Владимир Зеленский барои ташхиси нfркологӣ ва алкул хун супорид. Дар ин бора командаи ӯ дар Фейсбук хабар додааст.

"Ман то ҳол дар бораи аз ташхис гузаштан нишасти матбуотӣ ташкил накарда будам.  Хуни зиёде гирифтанд, аммо хушбахтона дар бадани ман хун зиёд аст. Натиҷаи ташхис баъди се рӯз муайян мешавад. Расман онро ба ҳама нишон медиҳем", - изҳор доштааст Зиленский ба рӯзноманигорон пас аз ташхис.

Вай ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки барои дастрас набудани дастгоҳҳо дар машқгоҳи "Олимпийский"  аз супурдани хун дар он ҷо даст кашид.

Президентские выборы на Украине - Sputnik Тоҷикистон
Пешсафии Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Ҳамчунин президенти Украина Петр Порошенко субҳи рӯзи ҷумъа барои ташхиси алкул ва нашъа дар Киев хун супоридааст. Ӯ низ дар Фейсбук дар ин бора хабар додааст.

Раисҷумҳурро низ ба гуфтаи худаш, "дар ин маросими нав" рӯзноманигорон ҳамроҳӣ карданд. Ҳамчунин аз ӯ мӯйи сар ва пешоб гирифтаанд. Натиҷаҳои ташхисро пизишкон гуфтаанд, ки пас аз чанд соат омода мешавад.

Давраи аввали интихобот дар Украина 31 март баргузор шуда, мувофиқи натиҷаҳои комиссияи марказӣ Зеленский пешсаф аст. Давраи дувуми интихобот 21 апрел баргузор мешавад, ки дар он Зеленский ва раисҷумҳури феълии Украина Порошенко иштирок мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0