12:50 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Межпарламентская ассамблея СНГ

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазири Давлати Қатар

© Sputnik / Алексей Даничев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Ҷонибҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкорӣ байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар, ки барои густариши ҳамкории гуногунҷанба фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Зимни сафар ба Давҳа раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир – Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ҷонибҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкорӣ байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар ва инчунин заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо, ки барои густариши ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ва Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Барчаспҳо:
Шукурҷон Зуҳуров, мулоқот, Қатар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ