Раҳмон Путинро ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронияш қайд кард, ки дар ҳар вақти мувофиқ барои Владимир Путин сафари ӯро ба Тоҷикистон интизор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои русаш Владимир Путинро ба Тоҷикистон хонд.

Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати яксоатаи Путин ва Раҳмон қабл аз оғози расмии гуфтушунидҳо

“Бо истифода аз фурсат, бо камоли хушнудӣ аз Владимир Владимирович даъват ба амал овардам, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд”, - гуфт Раҳмон ҳангоми баромадаш дар шаҳри Маскав.

 Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт намуд.

Имрӯз мулоқоти сатҳи олии кишварҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин гуфту шунид намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0