07:22 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Владимир Зеленский, архивное фото

Ба ситоди интихоботии Владимир Зеленский пулис омад

© Sputnik / Стрингер
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
558 0 0

Пулиси Украина ба ситоди интихоботии номзад ба президенти Украина, Владимир Зеленский омада, ӯро дар нақзи қонуни овоздиҳӣ мутаҳҳам кард

ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Ба ситоди интихоботии номзад ба президенти Украина, ҳунарманд ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский пулис омад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Кормандони қудратӣ Зеленскийро дар вайрон кардани қоидаи овоздиҳӣ гунҳкор хонданд. Гуфта мешавад, ки Зеленский ҳангоми овоздиҳӣ блюттени пур кардаашро намоиш додааст.

"Ҳоло ба назди Зеленский пулис омад ва варақаи нақзи қоидаи овоздиҳиро пур мекунад. Ҳоло миқдори ҷарима муайян карда мешавад ва пардохт мегардад",-шарҳ дод сухангӯи ситоди Зеленский.

Дар наворе, ки дар ситоди Зеленский бардошта шудааст, дида мешавад, ки ба назди номзад, кормандони пулис омаданд.

Қудратиҳо варақаи нақзи қоидаи овоздиҳиро навишта, боз рафтанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Зеленский номзад ба президенти Украина дар манотиқи ғарбӣ, шарқӣ ва марказии кишвар пешсаф аст.

Тибқи гузориш то соати 12:00, натиҷаи интихобот чунин аст: ба тарафдории Зеленский 71,8 дарсад ва ба ҷонибдории Петр Порошенко 28,2 дарсади аҳолӣ овоз додааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавзаҳои интихоботӣ имрӯз, якшанбе, 21 апрел барои овоздиҳӣ боз шуданд. Даври дуюми интихобот аз соати 08:00 то 20:00 идома хоҳад кард.

Чаҳор Порошенко ва як Владимир Зеленский дар Қирғизистон ба сар мебаранд

Барои бори аввал дар интихоботи президентии Украина нозирон аз Русия ширкат намекунанд. Маскав бар ин аст, ки иҷоза надодани нозирони ин кишвар ба Киев, қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа мегузорад.

Ҳамчунин ба далели дар ҳудуди Русия ва Донбасс баргузор нашудани интихобот аз 7 то 10 миллион мардум аз овоздиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.

Мавзӯъҳои асосӣ