04:44 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
На месте взрыва в церкви Святого Себастьяна в Негомбо, Шри-Ланка

ДОИШ масъулияти инфиҷор дар Шри-Ланкаро ба дӯш гирифт, навори гумонбари асосӣ пайдо шуд

© AP / Chamila Karunarathne
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи террористии ДОИШ далелеро барои исботи даст доштанаш дар ин ҳамла, пеш наовардааст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъули чанд ҳамлаи хунин дар Шри-Ланка шудааст. Дар ин бора оҷонсии Рейтер хабар медиҳад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар пайи инфиҷорҳои якшанбегӣ дар Шри-Ланка 321 нафар ҳалок ва бештар аз 520 кас маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти кишвар дар пайи ин ҳодисаҳои хунин 40 нафарро боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ДОИШ масъулияти ҳодисаҳоро ба дӯш гирифтаву аммо барои исботи он, далели пеш наовардааст.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони Sky News навореро мунташир кард, ки дар он яке аз гумонбарони асосӣ нишон дода мешавад.

Дар навор  марди сиёҳмӯйе ба калисо ворид мегардад.

Дар дар минтақаҳои гуногуни Шри-Ланка дар айёми писҳо 8 инфиҷор рух дод.

Бино бар иттилои расонаҳо, ҳамлаҳои хунинро террористони маргталаб анҷом додаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ