Интерпол як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Маскав супурд

© REUTERS \ Edgar SuИнтерпол, архивное фото
Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интерпол ва ФСИН (Хадамоти федералии иҷрои ҷазо)- и Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба нашъаҷаллобӣ муттаҳам мешавад, ба Маскав оварданд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба узвият ба як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобон муттаҳам мешавад, аз Белгия ба Маскав оварда шуд, хабар медиҳад сухангӯи ВУД Русия Ирина Волк.

"Интерпол ва ФСИН Русия аз Белгия шаҳрванди Тоҷикистон Далер Луқмонови 38-соларо, ки дар даст доштан ба гурӯҳи интиқолкунандагони нашъа ба Русия муттаҳам мешавад, ба Маскав оварданд", - таъкид мекунад Ирина Волк.

Ба гуфтаи вай, муттаҳам узви гуӯҳе буд, ки аз Ҳолланд 280 кг ҳашишро дастрас карда, мақсад доштанд ба Русия оваранд.

Луқмонов Далерро тариқи кофтукофи байналмилалӣ ҷустуҷӯ мекарданд, ки дар натиҷа дар Белгия пайдо шудааст.

"Имрӯз мувофиқи дархости додситони кулли Русия мақомоти Белгия ӯро ба Интерпол ва ФСИН Русия супурданд", - афзудааст вай.

Лентаи хабарҳо
0