Автобус бо 53 мусофир чаппа шуда, ба коми оташ рафт. 37 нафараш мактаббачагон будаанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото
Аптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Тошканди Узбакистон автобуси Mercedes, ки аз сӯи Бухоро ҳаракат доштааст дар натиҷаи кафидани чарх, чаппа шуда ба коми оташ рафтааст

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Автобусе, ки дар дохилаш мактаббачагон будаанд, дар ҳудуди вилояти Тошканд чаппа шуда, оташ гирифтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон.

ДТП на автотрассе Душанбе-Худжанд-Чаннок  - Sputnik Тоҷикистон
Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Манбаъ афзудааст, ки 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар иттилоия омадааст, ки 29 апрел соати 02:00 дар роҳи маҳалии ноҳияи Уртичирчики вилояти Тошканд автобуси Mercedes, ки аз сӯи Бухоро ҳаракат доштааст, чархаш кафида, чаппа шуда, тоб хӯрдааст.

Дар натиҷа автобус оташ гирифта сӯхтааст. Дар дохили автобус 53 нафар, аз ҷумла 37 талабаи мактабҳои таҳсилоти миёна қарор доштаанд.

“Ҳама мусофирон ба таври фаврӣ  ба ҷои бехавф кучонида шудаанд ва касе ҳалок нашудааст. Ҷароҳатбардоштагон дар ҷои ҳодиса бо ёрии аввалин таъмин шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба маълумоти манбаъ дар натиҷаи садама 7 нафар, ки ҳамааш калонсолон будаанд ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун бардоштаанд. Ду нафари онҳо дар бемористони маҳалии ин ноҳия ва 5 мусофири дигар дар беморхонаи ҷумҳуриявии Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Тошканд ҷой дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0