08:23 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Самолет на закате, архивное фото

Суқути ҳавопаймои мухлисони Канело: 14 кас ҳалок шуд

CC0 / Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
307 0 0

Дар паи суқути ҳавопаймо 11 мусофир ва се ҳайати сарнишинон ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Наҷотбахшони мексикоӣ пораҳои ҳавопаймои хусусии Bombardier Challenger 601-ро дар Мексика ёфтанд ва марги 14 касро тасдиқ намуданд.

Киштии ҳавоӣ дар ҳудуди минтақаи Монкловаи иёлоти Коауилаи Мексика ёфт шудааст. Дар паи суқути ҳавопаймо 11 мусофир ва се ҳайати сарнишин ба ҳалокат расиданд. Бино ба гузориши нашриёти Reforma, ҳамаи мусофирон бо насабҳои испанӣ будаанд.

"Ҳавопаймо аз шаҳри Лас-Вегаси Амрико ба шаҳри Монтерреи Мексика парвоз мекард. Мусофирон пас аз тамошои муҳориба бо ширкати варзишкори мексикоӣ Саул Алварес, ки шоми 4 май баргузор мешуд, ба Мексика боз мегашт",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки муштзани мексикоӣ, қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёнаи WBC ва WBA (Super) Саул Канело Алварес варзишкори амрикоӣ Дэниел Ҷейкобсро мағлуб карду соҳиби камарбанди IBF шуд.

Сабаби аниқтари фоҷиаи Шереметово маълум шуд

Пас аз фоҷиа муштзани ҷаҳонӣ ба наздикон ва хешовандони қурбоншудагон изҳори таслият кард.

 

Мавзӯъҳои асосӣ