09:42 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15

Қаҳрамонии халабони SSJ-100: барои наҷоти ҳамтояш худро ба коми оташ андохт

© Sputnik / Twitter/Norenko Mikhail
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
556 0 0

Дар интернет акси халабони ҳавопаймои SSJ-100 паҳн шудааст, ки ба хотири наҷоти ҳамтоёнаш худро дубора ба коми оташ андохт

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он аён аст, чӣ гуна яке аз халабонҳои ҳавопаймои фоҷиабор дар фурудгоҳи Шереметово, дубора ба дохили киштии ҳавоии оташгирифта медарояд.

Ба нақли РИА Новости, аввал халабон тариқи занҷира аз тирезаи ҳавопаймо берун мешавад. Баъд тариқи зинапояи наҷотӣ боз ба дохили ҳавопаймо ворид шуда, халабони дигареро берун мекашад.

Фоҷиаи Шереметово: 5. 05. 2019
Фоҷиаи Шереметово: 5. 05. 2019

Чуноне падари командири ҳайати сарнишинон Александр Евдокимов ба шабакаи РЕН ТВ гуфт, писараш Денис Евдокимов, ба халабон фармуд, ки ҳавопайморо тариқи тиреза тарк кунад ва худаш то дақиқаҳои охир дар дохили ҳавопаймо монд.

Дар ҳоли ҳозир Денис Евдокимов, ки аз ҳавои газолуди дохили ҳавопаймо нафас кашида буд, дар табобатхонаи ба номи Склифасовскии Маскав бистарӣ аст.

Падари Денис даъват кард, ки ҳайати халабононро дар ноуҳдабароӣ айбдор накунанд.

Сабаби аниқтари фоҷиаи Шереметово маълум шуд

Ёдовар мешавем, ки коршиносон, касбияти пасти халабонон ва диспечер, нуқси техникии ҳавопаймо, касбияти пасти нозирони қисми техникӣ ва номусоидии боду ҳаворо аз сабабҳои сӯхтор медонанд.

Дар паи фоҷиаи Шереметово як ҷавони тоҷикистонӣ-Фатҳуддин Қурбонбекзода, ҳам қурбон шуд. Ӯ зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Қурбонбекзода дорои шаҳрвандии Русия буда, ҳамагӣ 28 сол доштааст. 

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Масъулини намояндагии Тоҷикистон мегӯянд, феълан корҳо барои таҳқиқи ҷузъиёт идома доранд, намояндагони сафорат бо мақомоти Русия дар иртиботанд ва дар сурати пайдо шудани иттилои ҷадид онро ироа хоҳанд кард.

То ҳол мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ намудаанд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуду пас аз 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт.

Ҳайати халабонҳо гуфтанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.  

Дар пайи ин фоҷеа дар вилояти Мурманск се рӯзи мотам эълон шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ