21:16 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото

Тоҷикистон САҲА-ро ба конфронси сатҳи баланд ба Душанбе даъват кард

© Sputnik / Сергей Аверин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” дар Душанбе, 16-17 май баршузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тоҷикистон  кишварҳои узви САҲА-ро ба Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” даъват кард. Ин мавзӯъ дар кори ҷаласаи Муколамаи сохтории САҲА 6-7 майи соли 2019 баррасӣ гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоҳир Саидзода иштирок дошт.

Тибқи барномаи ҷаласаи мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба сифати гузоришагари калидӣ дар ҷаласаи дуюми Муколама бахшида ба ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомии муқовимат бо терроризм суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Саидзода кишварҳои узви САҲА-ро бо саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо таҳдидҳо ва чолишҳои марбут ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез ва раванди татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ва минтақавӣ шинос намуд.

Дар заминаи ҳамкориҳо бо САҲА дар доираи ченаки низомӣ-сиёсӣ, З.Саидзода аз татбиқи як қатор барномаву лоиҳаҳои муштарак, аз қабили коркарди Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ислоҳоти милитсия, тавсеаи иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорати захираҳои силоҳи сабуки оташфишон, силоҳи муқаррарӣ ва безараргардонии минаҳо, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вобаста ба масъалаи қочоқи маводди мухаддир ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризм, Муовини вазир аз кишварҳои узви САҲА даъват ба амал овард, ки дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (Душанбе, 16-17 майи соли 2019) иштирок намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ