09:06 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15

Чархболу ҳавопаймоҳои Русия 9-май "напариданд"

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
392 0 0

Боду ҳавои номусоиди Маскав нагузошт, ки ҳавопаймоҳо дар гузашти низомӣ ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар маросими гузашти низомӣ дар майдони Сурхи Маскав, ба далели номусоидии боду ҳаво ва фаромадани меғ, чархболҳои намоишӣ натавонистанд ширкат кунанд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати дифоъи Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба далели номусоидии боду ҳаво дар масири парвози чархболҳо, қисмати намоиши ҳавоии гузашти низомӣ баргузор намешавад.

Интизор буд, ки рӯзи 9 май дар гузашти низомӣ, 74 чархболу ҳавопаймо дар осмони Маскав парвоз мекунад.

Роҳпаймоии раисҷумҳур дар сафи пеши "Ҳанги ҷовидон"

Киштиҳои ҳавоӣ бояд дар баландии аз 150 то 450 метр ва бо суръати аз 200 то 250 километр дар як соат парвоз мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон шарти муҳимтарини таъмини рӯзгори осударо гуфт

Дар баробари ин дар гузашти низомии имрӯза, намоиши ҷангандаи насли панҷуми  Су-57 ва МиГ-31К бо ракетаи "Кинжал" дар нақша набуд.

Назарбоев барои таҷлили ҷашни Ғалаба ба Маскав омад

Дар умум дар гузашти низомӣ, рӯзи 9 майи соли 2019, 13 ҳазор низомӣ, ва 132 адад техника ширкат кард.

Мавзӯъҳои асосӣ