13:45 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Цветы на похороны

Домоду арӯс ҷанозаю тӯйро дар як рӯз мегузаронанд

© Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1544 0 0

Ҷуфти ҷавон тасмим гирифта, ки аз рӯи марги хешованд рӯзи тӯйро тағйир надиҳанд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар иёлоти Калифорния домоду арӯс тасмим гирифтанд ҷанозаи холаашонро бо рӯзи туйашон якҷо гузаронанд, хабар медиҳад The Sun.

Ҷуфти ҷавон дар саҳифаи Facebook навиштаанд, ки аз рӯи даргузашти холаашон санаи тӯйро тағйир нахоҳанд дод. 

"Аз даргузашти ӯ мо ҳама бисёр андӯҳгинем, вале ваъда медиҳем, ки рӯзи тӯйро иваз намекунем",-навиштааст ҷуфти  ҷавон.

Шоҳи Таиланд муҳофизашро ба занӣ гирифт - Гузориши аксӣ аз маросими арӯсии ғайриоддӣ

Онҳо изҳор доштаанд, ки маросими видоъ бисёр гарон меафтад ва аз ин рӯ тасмим гирифтаанд, маросими ғаму сурро дар як рӯз баргузор кунанд.

Ҷуфти ҷавон аз дӯстонашон даъват кардаанд, ки ҳангоми тӯй бемалол ба назди ҷанозаи холаашон омода хайрухуш кунанд.

Чунин пешниҳод меҳмононро дар ҳолати ногувор гузошт. Қариб ҳар яке аз дӯстони домоду арӯс чунин тасмими онҳоро маҳкум карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ