06:11 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Певица Алсу с дочерьми Сафиной (слева) и Микеллой

Адолат ҳаст: Шабакаи аввал пирӯзии духтари Алсуро дар "Голос.Дети" бекор мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
289 0 0

Ширкати Group-IB ба Шабакаи телевизиони якуми Русия аввалин маълумотҳои тафтишоти барномаи "Голос.Дети"-ро пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Шабакаи аввали Русия натиҷаҳои давраи ниҳоии фасли шашуми барномаи "Голос. Дети"-ро пас аз аввалин натиҷаҳои тафтишот бекор мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизион ба бинандагонаш гузориш додааст.

Ширкати Group-IB, ки ба тафтишоти қазия машғул будааст, ба Шабакаи телевизиони якуми Русия аввалин маълумотҳои тафтишоти барномаи "Голос.Дети"-ро пешниҳод кард.

"Натиҷаҳои тафтишот муайян кардаанд, ки ба овоздиҳӣ таъсири берунае расидааст, ки ба натиҷаи барнома таъсир расонидааст", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Тафтишот маълум кардааст, ки ба ҷонибдории  иштирокдори рақами 7 - Микелла Абрамов,  духтари ҳунарманди машҳури Русия Алсу ҳазорҳо паёми автоматӣ ё сохта омадааст.

Ширкати Group-IB гуфтааст, ки баъди анҷом ёфтани тафтишот тамоми далелҳои бадастомадаро мунташир мекунад.

Ҷанҷол дар "Голос.Дети"

Пас аз пирӯзии духтари даҳсолаи Алсу - Микелла Абрамова дар барномаи "Голос.Дети", тамошобинон дар шабакаи иҷтимоӣ аз ҳунарнамоии духтарак ва натиҷаҳои барнома изҳори норизогӣ карданд.

Ба гуфтаи бештари тамошобинон, духтари Алсу ба ин пирӯзӣ лоиқ набуд.

Бархе аз онҳо изҳор доштанд, ки овоздиҳӣ ноодилона буд ва ин эътимоди тамошобинонро ба барнома ва худи телевизион коста мекунад.

Алсу - овозхони рус, ровии телевизион, ҳунарманди хизматнишондодаи Русия ва ҳунарманди мардумии ҷумҳурии Тотористон мебошад.

Ӯ соли 2000 Русияро дар озмуни "Евровидение" муаррифӣ карда, дар он ҷои дувумро соҳиб шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ