Собиқ роҳбари гумруки Узбакистон барои дуздӣ 3,5 сол зиндон шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муиҷон Тоҳирӣ, собиқ роҳбари гумруки Узбакистон дар дуздӣ, хунукназарӣ ва қаллобӣ гунаҳгор дониста шуд ва ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд

ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik.  Додгоҳи вилоятии Тошканд собиқ роҳбари гумруки Узбакистон Муиҷон Тоҳириро ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст Газета.uz.

Сотрудник таможенной службы Шахбоза Раджабзода отчитывается перед Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ?!: Раҳмон гумрукчии дурӯғгӯйро шарманда кард- Видео

“Додгоҳ Муиҷон Тоҳириро ба се солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард. Инчунин додгоҳ ӯро вазифадор намудааст, ки дар ҳаҷми 400 маоши ҳадди ақал (наздик ба 10 ҳазор доллар) ҷарима супорад”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Таъкид шудааст, ки собиқ роҳбари гумруки Узбакистон дар дуздӣ, хунукназарӣ ва қаллобӣ гунаҳгор дониста шуд.

Ёдрас мешавем, ки Тохирӣ моҳи декабри соли 2018 аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон дастгир шуда буд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон Муиҷон Тоҳириро моҳи феврали соли 2018 аз вазифааш озод карда буд. Номбурда ба ҳайси роҳбари гумруки узбакистон соли 2016 шурӯъ карда буд.       

Лентаи хабарҳо
0