22:56 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Межпарламентская ассамблея СНГ

Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот анҷом дод

© Sputnik / Алексей Даничев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Миёни  Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд буда, гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ низ фаъолият доранд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи  сайёри  Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 20 май дар шаҳри Бишкек доир гардид,  бо  Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд, иттилоъ додааст, дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар.

“Дар миёни таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ дар минтақаи назорати шартномаи дастаҷамъона яке аз хатарҳои мубрами рӯзро  ба миён овардааст, бинобар ин  Қирғизистон хостори тавсеаи ҳарчи бештари муносибот бо мамлакатҳои узви Ассамблеяи Парламентии СААД дар ҳамаи арсаҳо мебошад”, гуфтааст Президенти Қирғизистон.

Манбаъ афзудааст, ки Сооронбой Жеенбеков ба баргузории  кори ҷаласаи  сайёри  Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳои баланд дод.

Президенти Қирғизистон инчунин оид ба  мубориза бар зидди терроризми баӣналмилалӣ ва хавфи хатарҳои он дар доираи таъмини амниятии созмони мазкур сухан карда, зикр намуд, ки ин ҳамоиш метавонад барои пайдо намудани роҳҳои нави  мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад.

Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров дар доираи ин сафараш бо Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Қирғизистон Достон Ҷумабеков Қирғизистон масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити кунунӣ ва рушди босуботи ҷаҳон муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар  ҳамаи соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд буда, гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ низ фаъолият доранд.

Барчаспҳо:
Шукурҷон Зуҳуров, мулоқот, парлумон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ