08:18 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Мусульманки, архивное фото

Пизишкро барои кашонидани ниқоби зани мусалмон аз кор ронданд

© AFP 2019 / TAUSEEF MUSTAFA
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
870 0 0

Ба гуфтаи зан, пизишк иҷборан ниқоби ӯро кашонидааст. Вай афзудааст, ки мард ҳатто то гирифтани парда аз рӯй, модару духтарро қабул накардааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Бритониёи Кабир пизишкеро, ки 23 сол таҷрибаи корӣ дошт, ба табъизи мусалмонон муттаҳам карда, аз кор пеш карданд.

Ба гуфтаи худи пизишк, зани ниқобпӯш духтари 10-солаашро ба назди табиб овард. Духтур вақте хостааст, дар бораи бемории духтарак модарашро пурсад, посухҳои додаи зани ниқобпӯшро нафаҳмидааст.

Бо ҳамин сабаб, ӯ аз зани мусалмон хоҳиш кардааст, ки пардаашро аз рӯй кашад ва гуфтаҳояшро бори дигар такрор кунад. Ба гуфтаи вай, зан бе ягон норизоӣ хоҳиши пизишкро иҷро кардааст.

Аммо баъди қабули духтур, зан ба шавҳараш аз кирдори пизишк шикоят бурдааст ва дар натиҷа зану шавҳар ба роҳбарияти беморхона аз пизишк шикоят бурдаанд.

Онҳо дар аризаашон қайд кардаанд, ки табиб иҷборан ниқоби занро кашидаасту ҳатто то гирифтани парда аз рӯй, модару духтарро қабул накардааст.

Дар натиҷа тафтишот оғоз шудааст.

Духтур ҳатто натиҷаи тафтишотро интизор нашуда, ин қазияро ноадолатӣ унвон кардааст ва ҷойи корро бо хоҳиши худ тарк намудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ