07:11 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Города мира. Женева. Архивное фото

Дастовардҳои Тоҷикистон дар Женева муаррифӣ гардиданд

© Sputnik / Владимир Федоренко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Женева муаррифӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 20 фоизи соли 2015 ба 25,3 фоиз дар соли 2018 ва шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то 110 кишвар зиёд гардида, диверсификатсияи содирот аз 150 то наздики 480 номгӯи молҳо беҳтар карда шуд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Ин матлаб зимни мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода, сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президент Умед Мирзоев бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Маркази байналмилалии тиҷорат (МБС) Аранча Гонзалез иброз гардид.

Мулоқот 21 майи соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардида, дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷониби МБС аз дастовардҳои Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо ва иштироки фаъолона дар фаъолияти СУС изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои зиёд намудани кумаку дастгириҳои ин созмон иброз намуд.

Барчаспҳо:
намоиш, содирот, молӣ, Тоҷикистон, Женева

Мавзӯъҳои асосӣ