01:04 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Пилот ВВС США, архивное фото

Нишасти изтирории чархболи низомии Амрико дар Афғонистон, чанд кас маҷрӯҳ шуданд - Акс

© AP / Hasan Jamali
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Дар пайи нишасти изтирорӣ дар ҷануби Афғонистон чархболи СН-47 Chinook пора гардида, корношоям гаштааст. Сарнишинон маҷрӯҳ шудаанд

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Чархболи низомии ИМА, ки чанд сарнишин савори он буданд, дар вилояти Ҳилманди Афғонистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Расонаҳои амрикоӣ дар пайи оташи "душманон" рух додани ҳодисаро инкор карда, менавсанд, нишасти изтирорӣ бо далели шикасти механикии чархбол сар зад.

Оҷонсии Франс Пресс дар истинод ба намояндаи НАТО дар Афғонистон менвисад, ки СН-47 Chinook дар пайи ин нишаст пора гардида, мусофиронаш ҷароҳат бардоштаанд.

"Ҳам низомиёни афғон ва ҳам низомиёни амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд. Вазъи онҳоро пизишкон хуб арзёбӣ кардаанд", - гуфтааст ҳамсӯҳбати манбаъ.

Амрико ва ҳамдастонаш аз соли 2001 дар Афғонистон зидди толилон ва дигар гурӯӯҳо амалиёт анҷом медиҳанд. Ин амалиёти низомӣ дар торихи ИМА дарозмуддатарин амалиёт аст. 

Мавзӯъҳои асосӣ